Омодагӣ ба номусоидии обу ҳаво

Декабрь 12, 2013 09:18

Душанбе, 12 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Аз сабаби сард шудани ҳаво ва боришот, алалхусус боридани борон ва барфи зиёд, ки дар шабонарӯзи 16,17 ва 18-уми декабр дар назар дошта шудааст, вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов ба ҷузъу томҳои вазорат, аз ҷумла Раёсати БДА, Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ, Хадамоти «Муҳофиза»-и ВКД ва дигар воҳидҳо супориш дод, ки барои таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт дар роҳҳо, рафъи офатҳои табиӣ, аз ҷумла фаромадани тарма, омадани сел, лағжиши сангу хок, сар задани сӯхтор ва ғайра дар ҳолати омадабош қарор дошта бошанд.Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, ҳамчунин онҳо вазифадор шуданд, ки дар сурати рух додани ин гуна ҳодисаҳо ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ дар ҷойҳо барои расонидани кӯмак ва бартараф намудани оқибати офатҳои табиӣ сафарбар шавад.

Декабрь 12, 2013 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд