Озмун ба ифтихори 3000-солагии Ҳисор

Декабрь 20, 2013 17:09

Душанбе, 20 декабр.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- 19 декабр бо ибтикори садорати факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар мавзӯи “Ҳисор-маркази таърихию фарҳангии тоҷикон” миёни факултаҳо озмун доир гардид. Садорати факултаи таърих барои гузарондани ин чорабинӣ барои тайёр кардани навори видеоиву роликҳо аз таърихи Қалъаи Ҳисор як гуруҳи донишҷӯёни болаёқатро ба ин мавзеъ фиристода буд ва пеш аз оғози озмун аз тариқи проектор наворҳо ва аксҳо намоиш дода шуданд.Озмунро декани факултаи таърих Насрулло Убайдуллоев ҳусни ифтитоҳ бахшида, зикр кард, ки гузарондани чунин чорабиниҳо бо мақсади баланд бардоштани худшиносии миллии ҷавонон ва арҷ гузоштан ба ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ мебошад. Баъд аз иҷрои шарти аввал ва эълони холҳои дастаҳо, мутахассисони Созмони кор бо ҷавонон ба тасвири газетаҳои деворӣ ба дастаҳо баҳогузорӣ намуданд. Дар ин бора котиби матбуотии Донишгоҳи омӯзгорӣ Бахтиёри Абдураҳим иттилоъ дод.

Декабрь 20, 2013 17:09

Хабарҳои дигари ин бахш