Паҳн намудани говҳои зоти тоҷикӣ дар минтақаҳои марказӣ ва ҷанубии кишвар
Душанбе, 26 декабр. (АМИТ «Ховар», Ситора Раҷабова).-Бо мақсади дар оянда васеъ намудани говҳои зоти сиёҳалои навъи тоҷикӣ дар минтақаҳои марказӣ ва ҷанубии ҷумҳурӣ дар хаҷагиҳои ба номи Л. Муродов ва К. Маркси ноҳияи Ҳисор дар асоси таҳқиқоти селексионӣ 9 сар буққа ва 25 сар буққачаи ҷинси тоҷикӣ аз подаи сермаҳсул ҷудо карда шуд, ки маҳсулнокии ирсии онҳо 6000-8000 кг ширро ташкил медиҳад.Таҳқиқоти мақсадноки селексионию технологӣ дар хоҷагии зотпарварии ба номи С. Сафарови ноҳияи Балҷувон идома дошт, ки барои нигоҳ доштани захираи миллии ирсии намуд ва зотҳои чорвои гӯштӣ замина фароҳам меорад. Дар хоҷагиҳои зотпарварии ба номи Р. Аслиддинов ва «Россия»-и ноҳияи Айнӣ, «Резгиф»-и ноҳияи куҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд, хоҷагии давлатии зотпарварии «Қутоспарварӣ»-и ноҳияи Ҷиргатол таҳқиқоти селексионӣ оид ба нигоҳдошт ва такмил додани хусусиятҳои ирсиву маҳсулнокии қутосҳои экотипи помирӣ гузаронида шуд, ки барои бунёди ҷинси нави зарафшонии қутосҳо мусоидат менамояд.Дар ин бора аз Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






