Парлумон ҳайати нави Ҳукуматро тасдиқ кард

Декабрь 16, 2013 13:00

Душанбе, 16 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Парлумони Тоҷикистон 16 декабр дар ҷаласаи якҷояи ғайринавбатии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорум кабинаи нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ намуд. Аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон 43 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи аз вазифа озод намудан ва ба вазифа таъйин намудани ҳайати нави ҳукуматро баррасӣ ва тасдиқ намуданд. Тибқи фармонҳои тасдиқгардида Қоҳир Расулзода- Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлаталӣ Саидов-муовини аввали Сарвазири ҷумҳурӣ, Марҳабо Ҷабборова, Муродалӣ Алимардон ва Азим Иброҳим муовинони Сарвазири ҷумҳурӣ таъйин гардиданд. Инчунин Рустам Менглиев-вазири адлия, Қосим Қосимов-вазири кишоварзӣ, Рамазон Раҳимов-вазири корҳои дохилӣ, Сироҷиддин Аслов-вазири корҳои хориҷӣ, Нуриддин Саидов-вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ, Сумангул Тағоева-вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Абдусалом Қурбонов-вазири молияи ҷумҳурӣ, Шералӣ Мирзо-вазири мудофиа, Хайрулло Асоев -вазири нақлиёт, Шариф Раҳимзода- вазири рушди иқтисод ва савдо, Нусратулло Салимов-вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Шамсиддин Орумбеков-вазири фарҳанги ҷумҳурӣ, Усмоналӣ Усмонов-вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, Шавкат Бобоев-вазири саноат ва технологияи нави кишвар, Саймуъмин Ятимов -раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Зокиров Мамадтоир-раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Қодири Қосим -раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъйин гардиданд. Ҷумъа Давлатов -мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ, ки ҳамзамон намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ аст, фармонҳоро дар назди аъзои Парлумони мамлакат тавзеҳ дода гуфт, ки баъди баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябр доир гардид, 18 ноябр ҳайати Ҳукумати Тоҷикистон ваколатҳои худро дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор намуда буданд. Аз ин рӯ бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати нави ҳукумат ташкил шуда, тибқи қонунгузории кишвар онро бояд Парлумони мамлакат тасдиқ намояд. Намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Парлумони мамлакат Ҷумъа Давлатов гуфт, ки дар кабинаи нави ҳукумати ҷумҳурӣ ду нафар зан шомил гардидаанд, ки яке муовини Сарвазир ва дигаре вазир аст. Маҳмадсаид Убайдуллоев- раиси Маҷлиси миллӣ ва Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагон, ки ҷаласаи муштараки Парлумон дар ҳамраисии онҳо ҷараён гирифт, аз номи аъзои Парлумони мамлакат намояндагони ҳайати нави ҳукуматро табрик намуда, дар фаъолияти минбаъдаашон саломатӣ ва комёбиҳо таманно намуданд. Зикр шуд, ки дар зарфи 7 соли оянда бояд кабинаи нави ҳукумат софдилона ва поквиҷдонона фаъолият намуда, бо масъулияти том баҳри таъмини пешрафти иқтисодиёти кишвар ва беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолии мамлакат саъю талош ба харҷ диҳанд.

Декабрь 16, 2013 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳро дастоварди навбатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд