Парлумон ба ВКХ имтиёзҳои андозӣ дод
Душанбе, 5 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Вазорати корҳои хориҷии /ВКХ/ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба кишвар ворид намудани 650 ҳазор бланкаҳои шиносномаҳои хориҷии биометрӣ, ки дар Олмон омода карда мешаванд, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шуд. Дар робита ба ин 5 декабр вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон — ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» тағйиру илова ворид намуданд. Муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Руҳуллоҳ Ҳакимов зимни тавзеҳи лоиҳаи қонуни мазкур гуфт, ки идораи сиёсати хориҷии кишвар ҷиҳати таъмини саривақтии шаҳрвандони мамлакат бо шиносномаҳои хориҷӣ бо ширкати олмонии «МEHLER» ду шартнома барои хариди 700 ҳазор адад бланкаи шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷии биометрӣ ба имзо расонидааст, ки 50 ҳазор адад бланкаҳои шиносномаҳо аллакай ба ҷумҳурӣ ворид гардида, 650 ҳазор адади дигар бояд то охири соли равон ба ҷумҳурӣ оварда шавад. Алҳол бо назардошти норасоии маблағ ВКХ 40% маблағи умумии шартномаи аввалӣ 1 милллиону 598 ҳазор евро барои хариди 200 ҳазор бланкаҳо ва 60% маблағи умумии шартномаи дуюм 3 миллиону 995 ҳазор евро барои хариди 500 ҳазор адад бланкаҳоро пардохт намуда, мутобиқан аз ширкати олмонӣ 60% аз шартномаи якум 958 ҳазор евро ва 40% аз шартномаи дуюм 1 миллиону 598 ҳазор евро, ҷамъ 2 миллиону 556 ҳазору 800 евро қарздор мебошад, ки барои пардохти қарзи шартномавӣ танқисӣ кашида, ҷиҳати пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда, ҳангоми ба расмиятдарории гумрукӣ ин шиносномаҳо имкон надорад. Вобаста ба ин ҳангоми додани имтиёзҳои иловагӣ, андози маблағи озодшавӣ аз пардохтҳои гумрукӣ ҳамагӣ 12 миллион сомонӣ, аз ҷумла, андоз аз арзиши иловашуда 6,9 миллион сомонӣ ва боҷи гумрукӣ 5,1 миллион сомонӣ дар назар дошта шудааст. Шарофиддин Сироҷов -вакили Маҷлиси намояндагон, ки ҳамзамон масъалаи мазкурро шарҳ дод гуфт, ки лоиҳаи Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Парлумони мамлакат пешниҳод шудааст. Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади пешниҳод намудани имтиёзҳои андозӣ ба ВКД аз тарафи Вазорати молияи кишвар дар мувофиқат бо вазорату идораҳои марбута таҳия гардидааст. Муовини аввали вазири корҳои хориҷӣ Маҳмудҷон Собиров дар посух ба саволи Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагон, ки марбут ба арзиши шиносномаи хориҷии биометрӣ буд, посух дода гуфт, ки алҳол нархи як адад шиносномаи биометрӣ 75 $ буда, интизор меравад, ки дар оянда бо пардохти қарзҳои Вазорати молия то 50% коҳиш хоҳад ёфт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд






