Пешравиҳо дар ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент»
Душанбе, 19 декабр. (АМИТ «Ховар», Ситора Раҷабова).- 29- уми сентябри соли равон бо иштироки Сарвари давлат корхонаи ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент»-и ноҳияи Ёвон бо иқтидори солонаи 1 миллион тонна бо маблағи 100 миллион доллари ИМА ба фаъолият оғоз намуд. Дар айни замон корхона фаъолияти мунтазам дошта, ҳамарўза 2-2,5 ҳазор тонна сементи хушсифати ватанӣ бо маблағи 93,1 миллион сомонӣ истеҳсол карда истодааст. Тамғаи сементи истеҳсолшаванда М-400 ва М-500 буда, бо истифода аз технологияи муосир хароҷоти ангишт ба як тонна клинкери истеҳсолшуда 140-160 кг-ро ташкил медиҳад.Оғози фаъолияти корхонаи ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент» боиси бо ҷои кори доимӣ таъмин гардидани 534 нафар гардид, ки аз ин шумора 80%-ро коргарони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.Мавриди зикр аст, ки барои истеҳсоли семент дар корхонаи мазкур аз кони оҳаксанги «Пусхур» (захирааш 80 миллион тонна), гилхоки «Дарагӣ» (31 миллион тонна) ва гаҷсанги «Чормағзак» (2.2 миллион тонна) истифода мешавад. Дар ин бора аз шуъбаи котиботи Вазорати саноат ва технологияи нави ҷумҳурӣ хабар доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






