Рӯнамоии китоби олими фаронсавӣ дар Китобхонаи миллӣ
Душанбе, 11 декабр.(АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- 10 декабри соли 2013 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯнамоии китоби мудири шуъбаи дастхатҳои форсии Китобхонаи миллии Фаронса, директори Китобхонаи забон ва тамаддунҳои шаҳри Париж, узви вобастаи АУ Тоҷикистон, профессор Франсис Ришар «Феҳристи нави дастхатҳои форсии Китобхонаи миллии Фаронса: ҳадаф ва услуб баргузор гардид.Китоби мазкурро муаллиф, профессор Франсис Ришар муаррифӣ намуд. Китоб аз ду ҷилд иборат буда, бо теъдоди 500 нусха дар Рими Итолиё ба нашр расида ва 1000 номгӯй асарҳоро дар бар гирифтааст.Дар чорабинӣ кормандони Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимони соҳа ва кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ширкат намуданд.Мавриди зикр аст, ки дар шуъбаи адабиёти хориҷии Китобхонаи миллии Тоҷикистон анкариб 8 ҳазор номгӯй адабиёт бо забони фаронсавӣ маҳфузанд, ки гаронбаҳотарини онҳо китобҳои нодири интишороти солҳои 1880-ум, ба монанди «Таърихи ислом» (1879 с.), «Дар Осиёи Миёна»(1885с.), осори классикони форсу тоҷик, асарҳои адибони фаронсавӣ мебошанд.Дар доираи чорабинии мазкур дар толори хониши шуъбаи адабиёти хориҷӣ намоиши китобҳо бо забони фаронсавӣ, ки дар фонди Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфузанд, доир гардид.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






