Рӯнамоии китоби «Педагогикаи фарҳанг»
Душанбе, 24 декабр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- 26 декабри соли ҷорӣ дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон муаррифии китоби профессор Сафар Сулаймонӣ таҳти унвони “Педагогикаи фарҳанг” баргузор мегардад. Китоби мазкур бо ташаббуси Академияи таҳсилоти Тоҷикистон зери назари академик Файзулло Шарифзода рӯйи чоп омадааст.Педагогикаи фарҳанг ба унвони бунёди пайвастани педагогика ва фарҳангшиносӣ мазмун ва шаклу рушди педагогикаи фарҳангро аз дидгоҳи фарҳангшиносӣ баррасӣ ва муаррифӣ менамояд. Китоби мазкур аз ҳафт қисм иборат буда, дар он масъалаҳои назариявии педагогикаи фарҳанг, фарҳангшиносии омӯзишу парвариш ва мушкилоти муосири фарҳанги мардум, мушкилоти пажуҳиш дар педагогикаи фарҳангшиносӣ, пажуҳиши масоили тамаддунҳо дар матни педагогикаи муосир; мактабҳои педагогӣ: мактаби асолатгароӣ дар пажуҳишҳои педагогӣ, ташаккули андешаи педагогӣ дар ислом, таълиму тарбият дар мактаби асолатгароӣ, равишҳои навини пажуҳиш дар педагогикаи фарҳангшиносии муосир ва ғайра гирдоварӣ шудаанд.Дар бахши педагогикаи татбиқӣ масоили муқоисаи дастовардҳои ёддиҳӣ- аз худ кардан дар мактабҳои шинохтгароӣ ва рафторгароӣ матраҳ мешаванд. Чеҳраҳои илмӣ яке аз дигар равзанаи китоб буда, дар он дидактикаи созандагароии иҷтимоӣ дар озмоишгоҳи илмии устод Файзулло Шарифзода, таълими фанҳои таърих дар мактабҳои миёна аз нигоҳи устод Таваралӣ Зиёзода ва ҷойгоҳи китоб дар ҷомеа дар пажуҳишҳои устод Ҷамолиддин Саидзода мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.Китоб барои мутахассисони соҳаи педагогика, фарҳангшиносӣ ва соири илмҳои вобаста пешниҳод мегардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






