Рӯзи байналмилалии муҳоҷир
Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Имрӯз, 17 декабр, дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳоҷир мизи мудаввар аз рӯи масоили тансиҳатии муҳоҷирон баргузор мешавад. Аз Хадамоти муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ин бора ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.Дар кори мизи мудаввар намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, сафоратҳои хориҷии муқими ҶТ ва вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ иштирок менамоянд. Рӯзи байналмилалии муҳоҷир аз соли 200 – ум инҷониб ҳар сол 18 декабр таҷлил мегардад. 18 декабри соли 1990 Ассамблеяи генералии СММ Муоҳадаи байналмилалӣ дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои ҳамаи муҳоҷирон ва аъзои оилаҳои онҳоро қабул карда буд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






