Раддияи Ҳокимшо Шарифов

Декабрь 10, 2013 13:38

Душанбе, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова).- Чанде пеш дар васоити ахбори омма хабаре дар мавриди оғози сохтмони биноҳои 24 — ошёнаи осмонхарош дар маркази пойтахт дарҷ шуда буд. Дар робита бо ин, ҳукуматдорони расмии пойтахти Тоҷикистон ин хабарро рад мекунанд. Тавре ки муовини раиси шаҳри Душанбе оид ба сохтмон Ҳокимшо Шарифов зимни мусоҳиба ба АМИТ «Ховар» хабар дод, барои бунёди биноҳои 24 – ошёна дар шаҳри Душанбе иҷозати расмӣ нашуда буд. «Ман медонам, ки масъалаи чунин сохтмонҳо бо ягон намояндагони расмии ҳокимияти шаҳр ва Раёсати меъмории шаҳр мувофиқа нашудааст. Биноан, ин хабарро метавон фақат овозаи бардурӯғ донист», — гуфт Ҳокимшо Шарифов.Номбурда ҳамчунин зикр намуд, ки сохтмони биноҳои осмонхарош, аз ҷумла биноҳои 24 — ошёна дар пойтахт имконпазир аст, вале на дар мавриди ҳозира.

Декабрь 10, 2013 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд