Раиси шаҳри Ваҳдат ба ҳамкорӣ даъват мекунад
Душанбе, 26 декабр. (АМИТ «Ховар»). — Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат 10 январи соли 2014 соҳибкорони ватанию хориҷӣ, тоҷирон ва шахсони дорою сарватмандро барои фаъолияти пурсамару густурда дар тамоми соҳаҳо даъват менамояд. Аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат ба АМИТ «Ховар» доданд, барои рушду нумӯи соҳибкорӣ, бахусус, соҳибкории истеҳсолӣ, дар шаҳри Ваҳдат имкониятҳои зиёд мавҷуданд. Роҳбарияти шаҳр онҳоеро, ки мехоҳанд корхонаю муассисаҳои гуногуни истеҳсолӣ, аз қабили корхонаҳои сохтмонӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, коркарди пахта, истеҳсоли матоъ, истеҳсоли пойафзолбарорӣ, корхонаи дӯзандагӣ, аз ҷумла, дӯхтани либосҳои кӯдакона ва барои калонсолон, бунёди боғҳои ҳозиразамон ва биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар ҷойи биноҳои кӯҳна бунёд кунанд, ҳаматарафа дастгирӣ менамояд. Аз ҷумла, барояшон ҷиҳати бунёди корхонаҳои гуногун дар мавзеи мувофиқ қитъаи замин ҷудо намуда, дигар шароитҳои заруриро муҳайё менамояд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






