«Равшан» варзишгоҳи «Пахтакор»-ро интихоб кард

Декабрь 23, 2013 15:11

Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Сабоҳат Қадамова).-Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб барои бозии плей-офф дар Ҷоми Федератсияи футболи Осиё (АФК)-2014 бо тими «Ал-Ярмук Ал-Равда»-и Яман варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппаро интихоб кардааст.Тавре ки дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи Осиё хабар медиҳад, дастаи «Равшан», ки дукарата барандаи Ҷоми Тоҷикистон мебошад, дар мусобиқоти «Ҷоми Осиё-2014» дар гуруҳи «А» ва Плей офф қувваозмоӣ мекунад. Дидори ин ду дастаи пурқуввати Осиё рӯзи 2-юми феврали соли оянда дар мизбонии дастаи «Равшан» доир хоҳад гашт.

Декабрь 23, 2013 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш