Рушди ҳамкории Тоҷикстон ва Индонезия
Душанбе, 25 декабр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода).- 25 декабр дар шаҳри Душанбе мулоқоти муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Лариса Кислякова ва Вазир – мушовири Сафорати Индонезия дар шаҳри Остона Ирван Идинг баргузор гардид.Тавре ки аз Палатаи савдо ва саноати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ баррасӣ шуданд. Ирван Идинг зикр намуд, ки мақсади сафорат минбаъд ҳам рушду густариш бахшидани ҳамкории тиҷоратию иқтисодии байни ҳар ду кишвар аст.Лариса Кислякова таваҷҷӯҳи меҳмонро ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти Тоҷикистон ва вазъи сармоягузорӣ ҷалб намуда, аз фаъолияти Палатаи савдо ва саноат, мақсаду вазифаҳои он, тадбирҳои Палата барои ҷалби сармоягузорон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, перомуни намоишгоҳҳо ва ҷамъомадҳои соҳибкорон нақл кард.Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки имконияти густариши ҳамкории минбаъдаи байни аҳли тиҷорат дар бунёди иншоотҳо, роҳҳои мошингард, нақбу пулҳо, соҳаҳои саноати сабук ва бахши сайёҳӣ мавҷуд аст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






