Рушди соҳаи мурғпарварӣ дар Бадахшон
Хоруғ, 14 декабр.(АМИТ»Ховар, Файз Мирасан).- Ташкили коргоҳи хурди чӯҷабарорӣ дар ноҳияи Ванҷ ба соҳаи паррандапарварӣ дар ВМБК такони хуб хуб бахшид. Дар ин ҷо дар се марҳила ҷаҳору ним ҳазор сар чӯҷа тавлид ва пешкаши харидорон гардонда мешавад. Соҳибкори маҳалӣ Ҷамшед Хусравов, ки ин коргоҳи хурд ба ӯ тааллуқ дорад, мегӯяд, ки чанд сол боз аз паи кушодани чунин коргоҳ буд ва ин орзӯи ӯ бо кӯмаки молиявии Вазорати кишоварзии мамлакат дар амал татбиқ шуд. Таҷҳизоти техникӣ аз ноҳияи Муъминобод оварда ва дар муддати кӯтоҳ васл ва ба кор андохта шуд. Дар корхонаи чӯҷабарории ноҳияи Ванҷ ҳамзамон аз тухми ҷойдорӣ васеъ истифода мебаранд ва аллакай зиёда аз 2 ҳазор чӯҷа истеҳсол ва барои фурӯш ба бозор бароварда шуд. Бо ба истифода додани корхона 6 нафар соҳиби ҷои кори доимӣ гардида, бо афзоиши минбаъдаи истеҳсолот шумораи онҳо низ зиёд хоҳад шуд.Паррандапарварӣ дар муқоиса бо дигар ноҳияҳо дар водии Ванҷ қаблан низ заминаи устувор дошт. Имрӯз дар бахши хусусии ин ҷо наздик ба 35 ҳазор сар мурғ парвариш ёфта, таъмини аҳолӣ бо тухму гӯшти парҳезӣ қонеъкунанда арзёбӣ мешавад.Сардори раёсати кишоварзии вилоят Назрӣ Назриев дар робита бо ин изҳор дошт, ки имсол аз корхонаи давлатии ҷумҳуриявии саноати паррандапарварии мамлакат 5 ҳазор чӯҷа ба минтиқаҳои дигари Бадахшон интиқол ёфт ва барои нигоҳубини он шароиту имкониятҳои васеъ муҳайё шудаанд.Барои ноҳияҳои Роштқалъа ва Ишкошим як ҳазор сарӣ чӯҷаҳои тухмдеҳ ва гӯштдеҳ дастрас мешавад. Бо муҳайё гардидани имкониятҳои васеъ солҳои баъдина таъмини аҳолӣ бо тухми мурғ дар вилоят ба тадриҷ беҳбудӣ хоҳад ёфт.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






