Рушди соҳибкорӣ дар Кӯлоб
Кӯлоб, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», Ф.Мадаминов).- Соли 2013-ум барои сокинони шаҳри Кӯлоб соли комёбию дастовардҳо ва пурфайзу бобаракат мебошад. Аз ин лиҳоз баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар соҳаи соҳибкорӣ корҳои назаррас ба чашм мерасанд. Дар робита ба ин дар маҳаллаи Ҷумъа Алии шаҳр боз се иншооти маркази хизматрасонӣ ба фаъолият шуруъ кард. Инҳо маркази фурӯши таҷҳизоти компютерӣ, қисмҳои автомобилӣ ва дорухона мебошанд. Дар ин марказҳо зиёда аз 10 нафар шаҳрванд бо ҷои кори доимӣ таъмин гардид. Соҳибкорон ният доранд, ки минбаъд ба мардум хизмати хуб намуда, сатҳи иқтисодиётро боз ҳам баланд бардоранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






