Сӯхтор дар «Кавсар»
Душанбе, 27 декабр. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). — 25 декабри соли равон дар анборхонаи ҶДММ «Кавсар», ки ба шаҳрванд Носир Самадов тааллуқ дорад, сўхтор ба амал омад. Ҳангоми сўхтор дар масоҳати 150 метри мураббаъ қисман дохили анборхона ва як адад камераи мушоҳидавӣ, инчунин 30 адад лўлаи карбос сўхтааст. Сабаби сўхтор расиши кўтоҳи ноқилҳои барқӣ буда,гунаҳгор роҳбари ҶДММ «Кавсар» дониста шудааст. Маблағи зарар 19250 сомонӣ ва маблағи эмин нигоҳдоштаи оташнишонон 900516 сомониро ташкил медиҳад. Инчунин дар манзили истиқоматии шаҳрванд Зиёев Қурбоналӣ, сокини кўчаи Деҳи боло, хонаи 78-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сўхтор ба амал омад. Ҳангоми сўхтор дар масоҳоти 30 метри мураббаъ болопўш ва молу амволи хона сўхта зарар дид. Сабаби сўхтор беназорат гузоштани таҷҳизоти барқӣ буда, гунаҳгор ҷияни соҳибхона Умед Исмоилов, хонандаи синфи 9 мебошад. Зарар аз сўхтор 1400 сомониро ташкил дода, молу мулки аз тарафи оташнишонон эмин дошта ба 15000 сомонӣ баробар аст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






