Саҳми Ҳисор дар таъмини шири пойтахт
Ҳисор, 3 декабр. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Чорводорони ноҳияи Ҳисор аз оғози сол то имрӯз зиёда аз 6 ҳазор 320 тонна шир истеҳсол намуданд, ки аз нақшаи солона хеле зиёд аст. Аз ҳар сар модагов зиёда аз 4 ҳазор килограммӣ маҳсулот ба даст омадааст, ки ин бешубҳа комёбии калон аст. Хоҷагиҳои ба номи «Латиф Муродов», «Баракати чорводор», «Ватан», «20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «50-солагии Октябр» дар истеҳсол ва супоридани шири хушсифат ба корхонаҳои коркарди шири шаҳри Душанбе саҳми арзанда доранд. Умуман, чорводорони ноҳияи Ҳисор дар таъмини сокинони шаҳри Душанбе бо шири босифат ҳиссаи арзанда доранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






