Сабқати муҳоҷирон дар фурудгоҳ

Декабрь 18, 2013 15:42

Душанбе, 18 декабр. (АМИТ «Ховар», С. Солех).- Бахшида ба рўзи умумиҷаҳонии муҳоҷират имрӯз Хадамоти муҳоҷирати ҷумҳурӣ аз соати 13 дар фурудгоҳи Душанбе сабқатро оғоз кардааст.  Муҳаммадюсуфи Шодӣ, сухангӯи «Фурудгохи байналмилалии Душанбе» гуфт: «мутобиқи нақша ба муҳоҷирони меҳнатӣ буклет ва дигар маводи чопии огоҳкунанда оид ба омўзиши паҳлуҳои ҳуқуқии муҳоҷират, пешгирӣ аз бемориҳоми сироятӣ тақсим карда мешавад». Ҳамчунин маркази шаҳрии мубориза алайҳи бемории норасоии масунияти бадан (ВИЧ СПИД) мошини махсуси Экспресс-тест-ро дар хизмати муҳоҷирон гузоштааст. Масъули тиббии марказ Зарина Самиева гуфтааст, ки ба ҳамаи муроҷиаткунандагон ёрии ройгон расонида мешавад. «Дар ним соати корӣ 30 нафарро ташхиси тиббӣ гузаронидем, алъон, хушбахтона, натиҷаи санҷиши тестӣ нишон дод, ки санҷидашудагон сиҳатанд»,-гуфт З. Самиева.

Декабрь 18, 2013 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш