Сабқати телевизионӣ бо кишварҳои ИДМ

Декабрь 19, 2013 11:13

Душанбе, 19 декабр. (АМИТ «Ховар).- Маркази  мушорикати  шаҳрвандии «Ҷунбиши  Осиёи  Марказӣ» якҷоя бо Созмони  байналмилалии  муҳоҷират  барои  муҳокимаи   масоили  муҳоҷират  бо  минтақаҳои  Тоҷикистон, Қирғизистон,  Қазоқистон  ва  Русия сабқати  телевизионӣ  ташкил  менамояд. Дар  ин  бора менеҷери Созмоин  ҷамъиятии «Маркази  захиравии  пиронсолон» Юлия Саломатина  хабар  дод. 
 
Дар  ин  чорабинӣ, ки  дар  ҳошияи  Рӯзи  байналмилалии  муҳоҷират баргузор  мешавад,  шахсони  масъули  равандҳои  муҳоҷирати  минтақаҳои  Ҷумҳурии  Қирғизистон,  ҳамчунин  баъзе  минтақаҳои  Русия,  Қазоқистон  ва  Тоҷикистон  ширкат  менамоянд. 
 
Дар  ҷараёни  сабқати  телевизионӣ  мубодилаи  муфиди иттилоот  дар  бахши  муҳоҷират  ва  таҷрибаи  кор  бо  муҳоҷирони  меҳнатӣ ва  аъзои  оилаҳои онҳо  дар  назар  аст. 
 
Чорабинии  мазкур  бо  дастгирии  молиявии  Созмони  DCA Central Asia (ДСА Сентрал Азиа), ки  дар  бахши  муҳоҷирати  Осиёи  Марказӣ  фаъолият  дошта ва  бо  12  кишвари  тамоми  ҷаҳон  фаъолона  кор  мекунад,  роҳандозӣ  шудааст. 

Декабрь 19, 2013 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш