Сафари ҳунармандони тоҷик ба Уммон
Душанбе, 24. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- 23 декабри соли 2013 бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Базморо» ҳайати ҳунармандони тоҷик барои иштирок дар Фестивали байналмилалии «Кишварҳои Осиёи Марказӣ» ба шаҳри Маскати Салтанати Уммон сафар намуданд. Тавре ки сармутахассиси маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ Раҳматулло Раҳматуллоев иттилоъ дод, ба ҳайати гуруҳ ҳунармандони ансамбли давлатии рақсии «Зебо», ансамбли рақсии «Базморо» ва гуруҳи мутрибон шомиланд. Мавриди ёдоварист, ки моҳи феврали соли равон ҷониби Тоҷикистон дар ин фестивали байналмилалӣ ширкат намуда, ҳунарнамоии санъаткорони тоҷик аз ҷониби тамошобинон хуб пазируфта шуда буд. Фестивали мазкур аз 23 декабр то 29 декабри соли равон идома меёбад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






