Сафари хизматии ходимони илмии Осорхонаи АТТ
Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Бо мақсади омӯхтани таҷрибаи пешқадами педагогӣ ва дарёфти бозёфтҳои таърихӣ, ходимони илмии Осорхонаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Саодат Фатҳуллоева ва Ҷамолиддин Абдулов ба ноҳияҳои Тоҷикобод ва Ҷиргатол сафари хизматӣ намуданд. Маълум гардид, ки дар ноҳия ҳамагӣ 43 мактаби миёнаи таҳсилоти умумӣ фаъолият намуда, шумораи хонандагон 8 ҳазору 729 нафар аст. Ходимони осорхона аз мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №1 ноҳияи Тоҷикобод дидан намуда, дар дарси кушоди муаллими мактаби мазкур Ибодулло Ҳимматов дар мавзӯи «Таърихи тақдирсоз» иштирок намуда, аз сатҳи дониши талабагон қаноатманд шуданд. Дарс хеле шавқовар гузаронида шуда, хонандагон ба суолҳои муаллим пурра ҷавоб медоданд. Маълум гардид хонандагон ба ғайр аз китоби дарсӣ боз дигар маҷаллаҳоро мутолиа менамояндИнчунин ходимони осорхона дар дарси омӯзгори пешқадами фанни таърих ва ҳуқуқи мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №2 деҳаи Ҷайлғани ҷамоати деҳоти «Лахш»-и ноҳияи Ҷиргатол Ҳомид Боронов иштирок намуданд. Соли 1993 бо ташаббуси ин омӯзгор дар мактаб осорхонаи таърихи этнографӣ ташкил гардид. Дар айни ҳол дар осорхона қариб 3 ҳазор нигора мавҷуд аст. Ин нигораҳо аз давраи сангин то замони имрӯза, зиндагонӣ, тарзи ҳаёти мардумонро инъикос менамоянд. Инчунин омӯзгор дар осорхона китобҳои шахсии худро ҷой додааст, ки дар он энсклопедияи халқи тоҷику қирғиз ва китобҳои бадеию илмӣ ҷамъ оварда шудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






