Сафари раиси ВМКБ ба шаҳри қадимаи Карон
Дарвоз, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Раиси ВМКБ Шодихони Ҷамшед ба шаҳрчаи Карони ноҳияи Дарвоз сафар кард. Аз маркази матбуоти раиси вилоят иттилоъ доданд, ки ҳадафи сафар шиносоӣ бо корҳои барқарорсозии ин макони бостонӣ ба шумор меравад. Ёдовар мешавем, ки ин мавзеъ як сол қабл чарогоҳи сокинони деҳоти Рузвай ва Кеврони ноҳияи Дарвоз буд. Аммо бо саъю талоши доктори илмҳои таърих, профессор Юсуфшоҳ Яъқубов дар ин дашт таҳқиқоти бостоншиносӣ анҷом дода шуд ва шаҳрчаи зебои мозӣ пайдо гардид. Ба гуфтаи ин муаррих аз ҷиҳати макони ҷойгиршавӣ ва нигораҳои таърихӣ Карон дар Осиёи Марказӣ ҳамто надорад. Дар ин ҷо бостонштносон деги калони сангин, қубурҳои гилини обгузар, майдони чавгонбозӣ ва дигар нигораҳоро кашф намуданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳанӯз дар замонҳои қадим дар ин шаҳрча шабакаи обрасонӣ мавҷуд будааст ва обро аз масофаи чаҳор километр тавассути лӯлаҳои гилин ба шаҳр интиқол медодаанд. Президенти кишвар дар ҷараёни сафари моҳи октябр ба Бадахшон нахуст аз ин шаҳри қадимӣ боздид ба амал овард ва ба масъулини мақомоти маҳаллии ҳокомияти давлатии вилоят дастур дод, ки дар ояндаи наздик як осорхона бунёд карда, ин хама бозёфтҳои таърихиро дар он ҷо маҳфуз доранд. Пайроҳаҳои пиёдагарди шаҳрро обод намоянд, то сайёҳон бароҳат ин ҷо ҳаракат ва тамошо кунанд. Ҳамчунин мавзеи дамгирӣ ва тамошогоҳҳо барои сайёҳони дохилию хориҷӣ сохта шаванд. Ба қавли муаррихон шаҳри Карон дар масоҳати 100 гектар доман паҳн карда, то асри 15 макони аслии шоҳони Дарвоз будааст. Алъон корҳои таъмиру барқарорсозии иншоот, кӯчаву хиёбонҳои шаҳр бо суръат идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд






