Сатҳи бекорӣ дар Бадахшон коҳиш меёбад
Хоруғ, 16 декабр. ( АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).-Барои паст нигоҳ доштани сатҳи бекорӣ дар ВМКБ аксаран ҷавонон ба омӯзиши ройгони ихтисосҳои дӯзандагӣ, қаннодӣ, барқчӣ, бофандагӣ, муҳрабофӣ, шарбаттайёркунӣ, маҳсгари муолиҷавӣ, омӯзиши забони англисӣ ва курсҳои компютерӣ ҷалб мешаванд. Ин иқдом аз ҷониби филиали муассисаи давлатии маркази таълими калонсолони ҷумҳурӣ дар шаҳри Хоруғ гузошта мешавад. Дилрабои Ошурмамад, як тан аз муҳассилини ин марказ мегӯяд, ки пас аз хатми донишгоҳи Хоруғ барои пайдо кардани ҷои кор заҳмати зиёд кашид. Ҳоло дар ин маркази таълимӣ ихтисоси дӯзандагиро ройгон меомӯзад. Дар ин марказ инчунин 19 нафар ҷавон ва одамони калонсол ҳам ба омӯзиши касб машғуланд. Теъдоди умумии касбомӯзандагон, ки филиали Муассисаи давлатии маркази таълими калонсолони Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ онҳоро сарпарастӣ мекунад, қариб ҳазору панҷсад нафарро ташкил медиҳад. Маводи лозимӣ барои дӯхтани ҳар гуна либосворӣ аз ҳисоби муассисаи мазкур ҷудо гардида, инчунин ҳар як касбомӯз ҳар моҳ ба миқдори 40 сомонӣ идрор мегирад.Маҳсули дасти касбомузони ин марказ аллакай дар якчанд намоиши сатҳи вилоятӣ мавриди тамошо ва баҳодиҳии сокинони вилоят қарор гирифтааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






