Сатҳи таварруми солона 3,5 фоизро ташкил дод

Декабрь 27, 2013 10:43

Душанбе, 27 декабр. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). — Сатҳи таваррум раванди пастравиро нигоҳ дошта, дар ин ёздаҳ моҳ 3,4 фоизро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 банди фоизӣ кам мебошад. Таварруми ҳосилшуда асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ — 6,1 фоиз, маҳсулоти хӯрокворӣ — 2,8 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ — 0,6 фоиз ба миён омад. Ҳамзамон сатҳи таварруми солона (барои 12 моҳи охир) 3,5 фоизро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 банди фоизӣ кам мебошад. Тибқи таҳлилҳои Бонки миллии Тоҷикистон сатҳи таварруми аслӣ дар давраи таҳлилшаванда 0,8 фоизро ташкил дода, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 1,5 банди фоизӣ коҳиш ёфт. Таварруми аслии солона ба 1 фоиз баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,6 банди фоизӣ кам мебошад.

Декабрь 27, 2013 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш