Се нишони варзишгарони тоҷик аз Остона
Душанбе, 18 декабр. (АМИТ «Ховар», Ситора Раҷабова).- Се варзишгари тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши якҳарбаи шарқӣ- киёкушинкай, ки аз 14-ум то 16-уми декабри соли равон дар шаҳри Остонаи Қазоқистон баргузор гардид, се нишон ба даст оварданд. Дар ин мусобиқаи бонуфуз пас аз мағлуб кардани рақибонаш Шерзоди Саъдулло дар вазни то 40 кг ба гирифтани медали тилло мушарраф шуд. Ибоди Ҷалол соҳиби медали нуқра гардид. Ӯ дар қувваозмоиҳо дар вазни 50 кг баромад кард. Варзишгари дигари тоҷик Сайдаҳмад Раҳмонов дар вазни то 70 кг барандаи медали биринҷӣ шуд. Ёдовар мешавем, ки дар ин мусобиқаи бонуфуз аз намуди киёкушинкай зиёда аз 500 варзишгар аз кишварҳои гуногун иштирок намуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






