Семинари соҳаи тандурустӣ дар вилояти Хатлон
Душанбе, 19 декабр. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). -18 декабри соли равон бо мақсади ба роҳ мондани табобати беморон, таъйиноти дурусти маводи доруворӣ, аз байн бурдани ҳамкориҳои манфиатдор бо ширкатҳои истеҳсолкунандаи доруворӣ, ҷорӣ намудани усулҳои муосири ташхису табобат, бидуни нишондод таъйин намудани санҷишҳои гаронарзиш ва дар маҷмуъ, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, ки ба меъёрҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ мувофиқанд, бо ҷалби 250 масъули вилояти Хатлон ва сафарбар намудани сармутахассисони соҳавии сатҳи миллӣ дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар Беморхонаи марказии вилояти Хатлон дар мавзӯи «Дастурҳои миллии клиникӣ, раванди таҳия ва мавриди истифода қарор додани онҳо дар амалияи тандурустӣ» семинар баргузор гардид. Дар он роҳбарони муассисаҳои ёрии аввалияи беҳдоштӣ ва сартабибони беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок намуданд.
Ҳадафи баргузории чорабинии мазкур таъмин намудани муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон бо дастурҳои клиникии муосир ва навгониҳои соҳа буд.
Мутахассисони сафарбаргардида пас аз аҷоми машварат сатҳи хидматрасонии тиббиро дар муассисаҳои вилоят мавриди таҳлилу баррасӣ карор дода, ба таври ройгон ташхису машварат ва амалиёти ҷарроҳиро анҷом доданд.
Тавре ки аз Хадамоти матуботи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ хабар доданд, роҳабарияи вазорат тасмим гирифтааст, чунин семинарҳоро бо ҷалби мутахассисони баландпояи соҳа дар дигар минтақаҳои кишвар низ баргузор намояд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






