Шеъри тоҷик дар торномаи арабӣ

Декабрь 19, 2013 16:45

Душанбе, 19 декабр. (АМИТ «Ховар»). — Торномаи арабии иттилоотӣ, фарҳангӣ, ҳунарии мустақили адибони Ироқ «ал-Нур» (http://www.alnoor.se) ахиран ду шеъри тоҷикиро дар тарҷумаи узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Назруллоҳи Назар аз эҷодиёти шоира Гулрухсор бо номи «Ба модари сарбози гумном» ва шоира Фарзона «Тилфуни хамўш», ҳамчунин 4 шеъри сапеди шоир Доро Наҷотро нашр кардааст.Торномаи мазкур, ки ба шеъри муосири тоҷик таваҷҷуҳ зоҳир мекунад, қаблан шеъри дигари Фарзонаро бо номи «Бояд гурехт» ва як силсила аз ашъори шоири ҷавон Рустами Аҷамиро дар тарҷумаи шоирони ироқӣ манзури хонандагони араб карда буд.Ниг:http://www.alnoor.se/article.asp?id=227670http://www.alnoor.se/article.asp?id=227907

Декабрь 19, 2013 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш