«Шири куҳистон» ба кор оғоз кард
Хоруғ, 11 декабр.( АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шири куҳистон» бори нахуст дар шаҳри Хоруғ корхонаи истеҳсоли маҳсулоти шириро ба кор андохт. Директори ин ҷамъият Далер Субҳонкулов гуфт, ки корхона ҳам барои сокинони шаҳр ва ҳам деҳоти навоҳии вилоят хеле муфид аст, зеро акнун соҳибони молу чорво имкон доранд бидуни саргардонӣ маҳсулоти ширии худро ба корхона супурда, дар ивази он ҳаққи кофӣ ба даст оранд. Илова бар ин 15 нафар сокини шаҳр соҳиби шуғли доимӣ гардиданд. Корхона дар як шабонарӯз то як тонна ширро коркард карда, аз он навъҳои гуногуни маҳсулот, ба мисли қаймоқ, ҷурғот, йогурт, творог ва ширро тайёр мекунад ва субҳи барвақт дар мағозаву бозорҳои шаҳр ба фурӯш мебарорад. Нархи маҳсулот нисбат ба дигар дӯкону мағозаҳо арзонтар аст. Аз истеҳсоли зарфи плостикӣ сар карда, то ташхиси пурраи маҳсулот ҳама дар як ҷо ба роҳ монда мешавад, ки ин назорати пурра ва сарфаи вақтро таъмин менамояд.Ба гуфтаи Далер Субҳонкулов онҳо ният доранд боз ду нуқтаи фурӯши маҳсулоти корхонаи худро дар шаҳраки навбунёди ҷамоати Поршневи ноҳияи Шуғнон ва маркази маъмурии ноҳияи Рӯшон фаъол гардонанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






