Шоҳроҳи Панҷакент-Айнӣ обод мешавад
Панҷакент, 30 декабр. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳор Худойбердиева).-Дар давоми соли ҷорӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ натиҷаҳои назаррас ба даст омаданд. Тавре ки ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сармеъмори шаҳри Панҷакент Рӯзибой Маҳмудов гуфт: «Дар давоми соли равон барои беҳтару хубтар намудани шароити манзил, ба эҳтиёҷмандони шаҳру деҳоти Панҷакент бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардид. Ғайр аз ин 193 оилаи дар минтақаи хавфнок ҷойгирбудаи ҷамоати деҳоти Шинг аз шаҳраки Саразми ҷамоати деҳоти Саразм бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гардиданд, ки сохтмони хонаҳои истиқоматӣ мувофиқи нақшаи генералии шаҳраки Саразм тибқи лоиҳаи намунаи ягона идома дорад. Дар давоми соли 2013 дар бахши меъморӣ ва шаҳрсозӣ 1000 адад муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2012 352 адад зиёд мебошад. Аз ин миқдор аризаҳои воридшуда 389 адад қонеъ карда шуд. 231 адад ариза бо сабабҳои гуногун рад шуда, ба 337 адад ҷавоби муносиб ирсол карда шуд ва 43 адад мавриди баррасӣ қарор дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






