Шумораи рафтуомади шаҳрвандони ҶТ дар 11 моҳ
Душанбе, 20 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Дар 11-моҳу 15-рўзи соли равон аз ҷумҳурӣ 939492 нафар шаҳрвандон ба хориҷа сафар намуданд, ки аз ин ҳисоб мардҳо -786384 нафар ва занҳо- 153108 нафарро ташкил медиҳанд.Аз ин ҳисоб 779396 нафари онҳо муҳоҷирони меҳнатӣ буда, 682135 нафарро мардҳо ва 97261 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд.Хадамоти муҳоҷират на танҳо шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ, балки рафтуомади тамоми шаҳрвандони ҷумҳуриро ба ҳисоб мегирад, аз ҷумла 68704- шаҳрвандон — бо корҳои шахсӣ,56044- шаҳрвандон — бо мақсади тиҷорат; 15774- шаҳрвандон -бо мақсади сайёҳат;13637- шаҳрвандон — бо корҳои хизматӣ; 5937- шаҳрвандон — барои таҳсил сафар намудаанд.Дар ин муддат аз хориҷи кишвар 739165 шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ватан баргаштаанд, ки аз инҳо 604.527- мардҳо ва134.638-нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд. Аз ин ҳисоб 605636 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ буда, 520588- нафар мардон ва 85048-нафар занҳо иборатанд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ хабар доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






