Симпозиуми сеюми минтақавӣ оид ба муолиҷаи бемории сил
Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Рӯзҳои 5-ум- 6-уми декабри соли равон бо ташаббуси Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва созмони «Табибони бидуни марз» дар меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе Симпозиуми сеюми минтақавӣ аз рӯи масъалаҳои муолиҷаи бемории сил баргузор мегардад.Мақсад аз баргузории симпозиум, такмили ташхис ва муолиҷаи бемории сил дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ, аз ҷумла масоили роҳандозии барномаи муолиҷаи бемории сил байни кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.Ҳамчунин дар симпозиуми мазкур коршиносони ҷаҳон дар бахши табобат бо истифода аз гиёҳҳои шифобахш, намояндагони вазоратҳои тандурустии давлатҳои минтақа ва созмонҳои бахши муолиҷаи бемории сил ширкат меварзанд.Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






