Сирки Лаҳистон ба Душанбе меояд
Душанбе, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова).- Назар ба хабари директори Сирки давлатии Тоҷикистон Ҷамолиддин Муҷиддинов, моҳи феврали соли 2014 Сирки филҳои Лаҳистон ба шаҳри Душанбе меояд. Мувофиқи суханони мавсуф, сафари сирки Лаҳистон дар натиҷаи соли 2010 дар Қазоқистон ба имзо расидани «Ёддошт дар бораи барқарор намудани равобити дӯстона, ҳамкорӣ ва танзими фаъолият дар бахши рушди байналмилалии санъати сирк» имконпазир гардид.Ҳуҷҷати мазкурро намояндагони Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Ӯзбекистон, Лаҳистон, Украина, Ҷопон ва Тоҷикистон имзо карда буданд. «Яке аз принсипҳои ёддошти мазкур иборат аз ташкили сафарҳои ҳунарии сиркҳои кишварҳои имзонамудаи ин ҳуҷҷат мебошад», — гуфт директори Сирки давлатии Тоҷикистон.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






