Соли нав хонаҳо чароғон мешаванд!
Душанбе, 31 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Дар рӯзҳои иди солинавӣ аҳолии Тоҷикистон бидуни реҷа бо нерӯи барқ таъмин мегардад. Дар ин бора роҳбари маркази матбуоти ҶСКХ «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод. Мувофиқи суханони номбурда, муваққатан бекор намудани маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ аз соати 6:00 – и 31 декабр то соати 23:00 1 январ идома меёбад. Дар ин муддат интиқоли барқ дар ҳудуди Тоҷикистон барои ҳамаи истифодабарандагони он бидуни маҳдудият сурат мегирад.Аз 2 январ ба минтақаҳо аз рӯи ҷадвали пештар тасдиқшуда ҳар шабонарӯз баробари 9 соат нерӯи барқ интиқол дода мешавад. Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон реҷаи нерӯи барқ аз охири моҳи октябри соли равон ҷорӣ шуда буд. Мувофиқи ҷадвал, ҳар рӯз интиқоли барқ барои истифодабарандагони минтақаҳои кишвар аз соати 09:00 то соати 17:00 ва аз соати 22:00 то соати 05:00 қатъ мегардад. Реҷаи истифодаи нерӯи барқ ба шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кулоб, Қурғонтеппа, Турсунзода ва Чкаловск дахл надорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






