Сўхтор дар ҶДММ «Док»

Декабрь 14, 2013 10:42

Душанбе, 14 декабр. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). -Вайрон намудани қоидаҳои васлкунӣ ва сарбории аз меъёр зиёд дар ноқилҳои барқӣ шаби 12 декабри соли 2013 боиси ба амал омадани сўхтор дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Док», воқеъ дар кўчаи Зебуниссо 5-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе гардид. Дар вақти ба маҳалли ҳодиса расидани 2-адад мошини сўхторхомўшкунӣ посбонхонаи ҶДММ «Док»-ро дар масоҳати 12 метри мураббаъ алангаи оташ фаро гирифта буд. Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврии тактикӣ -оташнишонӣ роҳҳои паҳншавии оташ ба зудӣ пешгирӣ шуда, сўхтор дар давоми 35 дақиқа пурра хомўш карда шуд. Тавре ки аз Хадамоти давлатии оташнишонӣ хабар доданд, маблағи зарар зиёда аз 300 сомониро ташкил дод.

Декабрь 14, 2013 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш