Суруш-ғолиби мусобиқаи самбо дар Юнон

Декабрь 19, 2013 14:55

Хуҷанд, 19 декабр. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ).-Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баробари таълиму тарбия ба варзиш ҳам эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Паҳлавони бомаҳорат, муҳассили соли аввали факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ Суруш Каримов дар мусобиқаи байналмиллалӣ дар кишвари Юнон соҳиби медали биринҷӣ гардид. Вай зодаи деҳаи Зарафшони ноҳияи Ҷаббор Расулов буда, аз устодаш Ҳусейн Зокиров ва Абдуқаҳҳор Қодиров сирри гӯштини тарзи қазоқиро омӯхта, алҳол дар ин намуд муваффақ гардидааст. Вай дар шаҳри Зессалоникаи давлати Юнон бо варзишгарону паҳлавонон дар намуди гӯштини тарзи самбо қувва озмуда, дар байни ҷавонони 40 мамлакати дунё дар қуввасанҷӣ беҳтаринҳо дониста шуд. 18 нафар ҷавонони тоҷик дар ин мусобиқа иштирок карданд, ки 5 нафарашон аз вилояти Суғд буданд. Суруш Каримов дар вазни 75 кг бо паҳлавонҳои Русия, Арманистон, Фаронса ва Гурҷистон қувваозмоӣ намуда, дар мусобиқаи ниҳоӣ аз ҳарифи руси худ шикаст хӯрд ва соҳиби медали биринҷӣ гардид.
Суруш Каримов дар ин рӯзҳо ба мусобиқаи навбатии чемпионати ҷаҳон оид ба самбо байни наврасон, ки 20-26 декабри соли равон дар Беларус баргузор мегардад, омодагӣ дорад. Умед аст, ки  ин навбат низ ӯ ғолиб меояд.

Декабрь 19, 2013 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш