Тӯҳфа ба Китобхонаи миллӣ

Декабрь 25, 2013 15:47

Душанбе, 25 декабр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими ботантанаи аз ҷониби Намояндагии ҳамкории Русия дар Тоҷикистон ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон тақдим намудани маҷаллаҳои ҳармоҳаи адабию бадеии Нишони умумирусиягии Байрақи Сурхи Меҳнати ҷамъияти «Қироати адабӣ» — и нобиноён барои солҳои 2012 – 2013 баргузор гардид. Дар маҷаллаҳо асарҳои классикҳои рус, адабиёти давраи шӯравӣ ва муаллифони имрӯзаи Русия дарҷ шудаанд.Теъдоди умумии маҷаллаҳои тақдимшуда 85 нусхаро ташкил дод. Маҷаллаҳои ҳармоҳаи адабию бадеии «Қироати адабӣ» — ро Иттиҳодияи нашаротию полиграфии «Қироат» — и Ҷамъияти дорои нишони умумирусиягии Байрақи Сурхи Меҳнати ҷамъияти нобиноёни шаҳри Санкт – Петрбург интишор кардааст.

Декабрь 25, 2013 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш