Таҳқиқоти илмии АИКТ дар соли равон

Декабрь 24, 2013 11:44

Душанбе, 24 декабр, (АМИТ «Ховар», Ситора Раҷабова).- Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар соли равон таҳқиқоти илмиро бо назардошти вазифаҳое, ки аз маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ бармеоянд, иҷро намуд.Дар соли равон фаъолияти муассисаҳои илмии Академия аз ҷониби шуъбаи кишоварзӣ ва истифодаи замини дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Палатаи ҳисоби Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор гирифта, барои беҳтар намудани самаранокии таҳқиқот, татбиқи натиҷаи онҳо дар истеҳсолот, тарбияи қадрҳои илмӣ ва ҳамкориҳои байналмилаӣ вазифаҳои муҳимро муайян карданд.Тавре ки дар ин бора аз Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон хабар доданд, аз ҷониби олимони Институти ветеринарӣ бори аввал омӯзиши касалии салмонеллёзи чорвои хурди шохдор ба роҳ монда шуд.Ҳамчунин ду барномаи ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории брутселлёзи ҳайвонот таҳия шуда, аз ҷониби Хадамоти назорати давлатии байторӣ тасдиқ гардид.

Декабрь 24, 2013 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд