Таҳқиқоти педагогӣ: мушкилот ва дурнамои он дар замони муосир
Душанбе, 6 декабр.(АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-«Таҳқиқоти педагогӣ: мушкилот ва дурнамои он дар замони муосир»- таҳти чунин унвон дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ ба ифтихори 80-солагии Пажуҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон баргузор гардид.Директори Пажуҳишгоҳи рушди маорифи АТТ Ш.Исрофилниён конфронсро оғоз намуда, дар бораи фаъолияти густурдаи ин боргоҳи илмию тадқиқотӣ, ки масъалаҳои назариявию амалии пешбурди бахши маорифро дар марҳалаҳои гуногуни таърихӣ мавриди омӯзиш ва пажуҳиш қарор додааст, сухан гуфт. Ҳамчунин иштирокдорон дар хусуси таърихи таъсиси пажуҳишгоҳ ва фаъолияти ходимони он ҳарф зада, аз фаъолияти пурмашаққати кормандон дар солҳои ниҳоят мушкили ҷанги шаҳрвандӣ нақл карданд.Мавриди зикр аст, ки дар конфронс директори барномаи таҳсилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон А. Дастамбуев ва раиси иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми ҶТ А.Ризоев сухан гуфта, ба паҳлуҳои робитаи созмони байналмилалии иртиботманд ба таълим ва ҳавасмандгардонии ходимони ПРМ ибрози назар намуда, дар ин робита як гуруҳ кормандонро бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва Ифтихорномаи иттифоқи касабаи коркунони маориф қадрдонӣ намуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






