Таҳлилу омӯзиши хавфу хатари геологӣ
Душанбе, 17 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Ташкилоти Кӯмаки башардӯстона марҳалаи дуюми лоиҳаи «Беҳдошти нерӯи таҳлилу омӯзиши хавфу хатарҳои дурдасти геологӣ» — ро анҷом дод. Лоиҳаи мазкур бо дастгирии молиявии Агентии рушду ҳамкории Швейтсария ва Раёсати оид ба рушди байналмилалии Британияи Кабир дар амал татбиқ шуд. Дар ин бора намояндаи бахши равобит бо аҳли ҷамъияти ташкилоти Кӯмаки башардӯстона дар Тоҷикистон Хосият Ҳамидхонова ба АМИТ «Ховар» хабар дод.Лоиҳа зимни ҳамкорӣ бо созмони Welthungerhilfe (Велсунгерҳилф) ва Ҳукумати Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст. Мақсади асосии лоиҳа иборат аз омӯзиши хавфу хатарҳои геологӣ ва таъсири онҳо ба ҷамоаҳои маҳаллии сокини минтақаи хавфу хатар, ҳамчунин тақвияти устувории 50 ҷамоаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, водии Зарафшон ва ноҳияи Ҷиргатол буд. Аз ин лоиҳа 55 ҳазор нафар мустақиман бархӯрдор шуданд.Ибтикорот ва натиҷаҳои лоиҳа дар конфронсҳои байналмилалӣ ва семинарҳои минтақавию миллӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Лоиҳа фаъолияташро зимни ҳамкории зич бо Сарраёсати геологияи назди Ҳукумати ҶТ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ, Муассисаи давлатии ҳавосанҷии назди Ҳукумати ҶТ анҷом дод.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






