Таҳсили журналистони Тоҷикистон

Декабрь 2, 2013 12:49

Душанбе, 2 декабр. (АМИТ «Ховар», Анна Мошенко).- Аз 26 ноябр дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон тренинги журналистон дар мавзӯи «Ахбору мусоҳиба дар журналистикаи бахши радио» идома дорад. Ин чорабинӣ бо ибтикори Ширкати радио ва телевизони «Deutsche Welle» (Дойче Велле) бо дастгирии Сафорати Олмон дар Тоҷикистон роҳандозӣ шуд. Дар курсҳои омӯзишӣ мутахассисони Олмон Матиас Белингер ва Керстин Килановски дарс медиҳанд. 30 ноябр Сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳолгер Грэн аз курсҳои омӯзишӣ дидан намуд. Дар давраи фаъолияти курсҳои омӯзишӣ беш аз 20 нафар донишҷӯёни ва журналистони ҷавон таҳсил менамоянд. Имрӯз шӯъбаи забони русии Ширкати радио ва телевизиони Дойче Велле манбаи мустақили иттилоот аз Аврупо барои сокинони Русия, Украина, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон маҳсуб меёбад.

Декабрь 2, 2013 12:49

Хабарҳои дигари ин бахш