Таҷлили бошукуҳи 80-солагии факултаи математика
Душанбе, 31 декабр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба ифтихори 80-солагии факултаи математика 30 декабри соли ҷорӣ конфронси илмии байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он донишмандони улуми математика-физика аз макотиби олии ҷумҳурӣ ва устодону толибилмони факултаи мазкур ширкат варзиданд. Тавре ки котиби матбуоти Донишгоҳи омӯзгорӣ Бахтиёри Абдураҳим иттилоъ дод, дар оғози ҳамоиш ректор Абдуҷаббор Раҳмонов аз таърихи рангин ва пуршебу фарози факулта сухан гуфта, аз муассисон ва нахустомӯзгорони он ёдовар шуд. Тибқи иттилои мавсуф, тӯли солҳои зиёд дар заминаи ин факулта чанд сохтори дигар низ арзи ҳастӣ кард, ки факултаи иқтисодиёт ва идоракунӣ дар соҳаи маориф яке аз онҳост. Ин факулта сараввал ба сифати кафедра таъсис ёфт ва сипас, бо тақозои замон ҳамчун факултаи алоҳида идомаи фаъолият кард. А.Раҳмонов аз дастовардҳои олимони факултаи математика ёдрас гардида, нақши онҳоро дар ташаккул ва густариши ин илми барои ҷомеа зарур ниҳоят муфид ва арзанда унвон намуд. Дар такя бар қавли ӯ, муддати 80 сол донишҷӯёни бисёре ин даргоҳро ба итмом расонида, қисмате аз онҳо ба тадқиқоти илмӣ дар ин ҷода машғул шуданд ва ба муваффақиятҳо ноил гардиданд. Алъон бо итминони комил метавон зикр кард, ки дастпарварони факулта дар мактабҳои олии кишвар ифои вазифа намуда, унвонҳои баланди илмиро соҳиб шудаанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






