Таҷлили «Рӯзи байналмилалии муҳоҷир»

Декабрь 17, 2013 15:39

Душанбе, 17 декабр. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). -Имрӯз, 17 декабр дар бинои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ бахшида ба «Рӯзи байналмилалии муҳоҷир» мизи мудаввар таҳти унвони «Саломатии муҳоҷирон: фарохонӣ ва чораҳои мутақобила» баргузор гардид. Дар он кормандони Хадамоти муҳоҷирати вазорат, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, намояндагони сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷии муқими Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дахлдор иштирок доштанд. Ҷорабиниро иҷрокунандаи вазифаи сардори хадамот Анвар Бобоев ифтитоҳ намуда, бобати вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Тоҷикистон маълумот дод. Аз ҷумла, зикр гардид, ки барои беҳтар намудани вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ бояд аз таҷрибаи бои мамлакатҳои хориҷӣ истифода намуд ва Хадамоти муҳоҷират солҳои охир дар ин самт корҳои назаррасро анҷом додааст. Дар мизи мудаввар инчунин ҳамоҳангсози Созмони байналмилалии муҳоҷират Рухшона Қурбонова бобати кори ташкилот дар самти муҳоҷират маълумот дода, иброз намуд, ки бахшида ба «Рӯзи байналмилалии муҳоҷир» аз 13 то 20 декабр дар тамоми ҷумҳурӣ як силсила чорабиниҳо баргузор гашта истодаанд. Иштирокчиён аз ҷумла, ба саломатии муҳоҷирони меҳнатӣ диққати ҷиддӣ дода, зикр намуданд, ки нигоҳ доштани саломатии муҳоҷирон на танҳо вазифаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, балки тамоми ҷомеа мебошад. Дар мизи мудаввар инчунин масъалаи ба бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ба ВИЧ гирифтор шудани муҳоҷирон баррасӣ гардид. Тавре ки мутахассиси маркази шаҳрии СПИД Ботир Залимов иттилоъ дод, беморони гирифтори ВИЧ дар ин марказ бепул муолиҷа мегарданд, вале аз сабаби тӯлонӣ будани чунин муолиҷа бештари беморон онро қатъ менамоянд. Бештари беморон ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа муолиҷаашонро қатъ менамоянд. Масалан, соли ҷорӣ аз 1971 нафар муолиҷашавандагони гирифтори ВИЧ 245 нафар бо сабабҳои гуногун муолиҷаро қатъ намуданд. Дар фарҷом иштирокчиёни ҷорабинӣ оид ба масъалаҳои баррасигардида фикрҳои худро иброз намуданд. Аз ҷумла, аз ҷониби ҳомии ҳуқуқи башар Ойниҳол Бобоназарова пешниҳод гардид, ки мушкилии муҳоҷиронро аз тариқи телевизион бештар инъикос намуда,ташкилотҳои байналмилалӣ рӯзномаи маъсус таъсис диҳанд, ки он байни аҳолӣ бепул тақсим шаваду дар он рӯзнома масъалаҳои вобаста ба бемориҳои сироятӣ, сил, муҳоҷират ва дигар мушкилоти рӯзмарра нашр гарданд.

Декабрь 17, 2013 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд