Тааруфаҳои нави об барои сокинони пойтахт
Душанбе, 25 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» аз 1 январи соли 2014 барои истифодаи оби нӯшокӣ тааруфаҳои навро, ки Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, роҳандозӣ мекунад. Дар ин бора котиби матбуоти шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод. Мувофиқи суханони Шавкат Саидов, ташкилотҳои буҷетии пойтахт дар асоси тааруфаҳои наве ки онҳоро Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, барои як метри мукааб оби нӯшокӣ ва партофти ифлосиҳо (бо назардошти андози арзиши изофӣ) ба ҷойи 1 сомонию 00,4 дирам 1 сомонию 36, 88 дирам мепардозанд. Ташкилотҳои ғайрибуҷавии шаҳр барои як метри мукааб об (бо назардошти андози арзиши изофӣ) ба ҷойи 2 сомонию 71 дирам 3 сомонию 3,99 дирам пардохт мекунанд. Сокинони хонаҳои дорои ҳисобкунанкҳои оби пойтахт барои як метри мукааб об ба ҷойи 32 дирами пештара 41,61 дирам пардохт менамоянд. Ғайр аз ин, сокинони биноҳои то 12 ошёна, ки дар онҳо ҳисобкунакҳои об насб нашудаанд, ҳар моҳ ба ҷойи 3 сомонию 50 дирам 4 сомонию 54,654 дирам, сокинони биноҳои аз 12 ошёна баландтар ба ҷойи 4 сомонию 38 дирам 5 сомонию 69,586 дирам ва сокинони хобгоҳҳо ба ҷойи 2 сомонию 90 дирам 3 сомонию 77 дирам пардохт мекунанд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






