Тадбирандешӣ ҷиҳати паст кардани нархҳо
Панҷакент, 4 декабр. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳор Худойбердиева).-«Вақтҳои охир нархи осмонбӯси маводи хӯрокӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои ноҳияи Панҷакент мардумро ба ташвиш гузоштааст»,- мегӯяд сардори идораи кишоварзии ноҳияи Панҷакент Ислом Шафиев.Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо роҳбарии раиси шаҳр Хусрав Абдуназаров барои паст намудани нархҳо тадбирҳои мушаххас андешиданд. Дар ин бобат комиссияи махсус таъсис дода шуда, аз ҷониби хоҷагиҳои деҳқонӣ ба бозорҳои шаҳр ба таври илова маҳсулоти кишоварзӣ ва хӯрокӣ ворид гаштанд. Аз ҷумла, хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоати деҳоти Саразм 6-тонна картошка, 3-тонна ангур, 1-тонна помидор, 2-тонна пиёз, 500 кг маҳсулоти шириро ба бозори «Самарқанд» ворид сохтанд. Хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан ба бозори маркази шаҳр ба миқдори 9 тонна картошка, 3 тонна помидор, 1 тонна биринҷ ва 2 тонна дигар намудҳои сабзавотро ба фурӯш бароварданд. Ин тадбир боиси хеле паст шудани нархҳо дар бозор гардид. Чунин корҳо дар оянда низ идома хоҳанд ёфт.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






