Тадбирандешӣ баҳри пешгирии сӯхтор
Хоруғ, 19 декабр. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).-Бо фаро расидани фасли сармо истифода аз бухориҳои барқӣ дар манзилҳои истиқоматӣ ва идораву муассисаҳо ба маротиб зиёд гардидааст ва ин амал эҳтимоли сар задани сӯхторро дар пай дорад. Ба қавли сардори Хадамоти оташнишонии ВМКБ Анвар Шолангаров аксари сӯхторҳо маҳз дар фасли сармо сар мезананд ва аксарияташон як сабаб доранд, ки ин истифодаи нодуруст ва ғайристандартӣ аз бухориҳои барқӣ мебошад. Яке аз дигар иллатҳои зуд паҳн гаштани сӯхтор бо масолеҳи пластикӣ рӯпӯш кардани девор ва фаршу боми биноҳо аст.
Ба гуфтаи сардори Хадамоти оташнишонии вилоят дар даҳ моҳи соли равон дар ҳудуди вилоят 29 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шуда, ба хоҷагии вилоят беш аз як миллион сомонӣ хисорот оварда шуд.
Сӯхторе, ки ба наздикӣ дар бинои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъа рух дод, зиёда аз 360 ҳазор сомонӣ зарар дар пай дошт. Гузашта аз ин, да р натиҷаи ҳодисаи мазкур ду нафар сӯхторнишон- Шероз Раҷабмамадови 32- сола ва Амруд Дӯстназарови 27- сола ҷони худро аз даст доданд.
Сардори хадамоти мазкур гуфт, ки алъон тамоми тадбирҳоро андешида истодаанд, то чунин ҳодисаҳои номатлуб сари вақт пешгирӣ шаванд.
.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






