Таъиноти кадрӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ
Душанбе, 3 декабр (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарии Вазорати корҳои дохилӣ ва сохторҳои зертобеи он як қатор тағйироти кадрӣ ворид намуд.Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурилло Орипов аз вазифаи Муовини якуми вазири корҳои дохилӣ ва Шералӣ Сабзов ва Саид Ҷӯрахонов аз мақоми муовинҳои Вазири корҳои дохилӣ озод карда шуданд.Ба вазифаи Муовини якуми вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Абдураҳмон Бузмаков, ки то ин вақт Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе буд, таъин карда шуд. Икром Умаров Муовини вазири корҳои дохилӣ таъин гардид.Бо мувофиқат бо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Муовини собиқи роҳбари ин вазорат Саид Ҷӯрахонов Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ва Муовини собиқи Вазири корҳои дохилӣ Шералӣ Сабзов Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёт таъин карда шуданд.Ҳамчунин дар мувофиқат бо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Файзулло Нозимов Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Рустам Шафиев Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия ва минтақаи Рашт, Муҳамадшо Искандаров Сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Турсунзода ва Тоҳирҷон Норматов Намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ дар Маркази минтақавии иттилоотӣ-ҳамоҳангсозии Осиёи Марказӣ таъин карда шуданд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кадрҳо онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан ва муборизаи беамон бо ҷинояту ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои созмонёфта ҳидоят намуд. Ҳамчунин таъкид гардид, ба поксозии сафҳои мақомоти корҳои дохилӣ аз шахсони тасодуфӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавони ояндадор таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шавад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






