Таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон вазифаест муқаддас
Душанбе, 10 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ба муносибати 65-умин солгарди қабули Эъломияи ҳуқуқи башар, ки имрӯз, 10 декабр дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон /ДМТ/ дар мавзӯи «Поси ҳуқуқи инсон чун дастоварди умумибашарӣ» конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир гардид. Дар конфронс, ки он бо ибтикори кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ созмон дода шуд, намояндагони мақомоти марбутаи кишвар, аз ҷумла Суди Олии ҷумҳурӣ, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар, намояндаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва устодону донишҷӯёни ДМТ иштирок доштанд. Иштирокдорони конфронс роҷеъ ба озодии виҷдон, таъмини ҳифзи ҳуқуқи инсон ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар дар самти таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон табодули назар карданд. Зикр шуд, ки дар Сарқонуни кишвар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун арзиши олӣ инъикос гардидааст. Бояд тазаккур дод, ки 65- сол муқаддам, аниқтараш 10 декабри соли 1948 Маҷмаи кулли Созмони Миллали Муттаҳид Эъломияи ҳуқуқи башарро қабул намуд. Шуруъ аз соли 1950 дар саросари ҷаҳон 10 декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон таҷлил мегардад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






