Таъмини муассисаҳои тиббӣ бо дастгоҳҳои компютерӣ
Душанбе, 19 декабр. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). -Аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе ва 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 218 компютер, 160 модем ва 90 дастгоҳи чоп тақсим гардид. Таҷҳизоти мазкур аз ҷониби Иттиҳоди Аврупоӣ дар доираи Лоиҳаи «Кӯмаки техникӣ барои таҳким бахшидани системаи иттилоотии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (HMIS III)» дастрас шудааст.
Тавре ки аз Хадамоти матбуоти вазорат хабар доданд, то охири соли 2013 муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе ва 20 ноҳияи ҷумҳурӣ ва баъдан то нимсолаи якуми соли 2014 дигар шаҳру ноҳияҳои боқимонда, ба шабакаи ягонаи иттилоотии тандурустӣ пайваст шуда, бо таҷҳизот (компютерҳо, модемҳо ва дастгоҳи чоп) таъмин мешаванд.
Таҳкими системаи иттилоотии тандурустӣ ҳамзамон бо омӯзонидани кормандони соҳаи омори тандурустии шаҳру ноҳияҳо ва кормандони раёсатҳои тандурустӣ оид ба технологияи нави истифодаи компютерӣ ва воридсозии барномаи DHIS-2 гузаронида мешавад.
Лоиҳаи Иттиҳоди аврупоӣ «Кӯмаки техникӣ барои таҳким бахшидани системаи иттилоотии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо маблағи 3,4 млн. Евро, ба ворид намудани системаи ягонаи электронии ҳисоботсупорӣ дар сохтори миллии тандурустӣ мусоидат менамояд.
Лоиҳа дар якҷоягӣ бо EPOS Health Management (Олмон) ва ICON-Institute Public Sector (Олмон), бо иштироки Донишгоҳи Осло (Норвегия) ва IrfatC (Тоҷикистон) татбиқ мешавад. Лоиҳа то моҳи майи соли 2016 амалӣ мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






