Таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар Восеъ
Восеъ, 23 декабр. (АМИТ «Ховар», С, Холов).- Бо мақсади беҳтар кардани ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳияи Восеъ ва бо шуғл таъмин намудани мардум масъулини Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия дар 11 моҳи соли ҷорӣ корҳои муайянро ба анҷом расониданд. Ба гуфти сардори раёсати мазкур Маҳмадисо Қурбонов дар ин давра бо масъалаи шуғл ба Раёсат 1795 нафар шаҳрванд муроҷиат намуд, ки 463 нафараш зан мебошад. Мувофиқи барномаи касбомӯзӣ 295 нафар дар курсҳои кӯтоҳмуддат омӯзонида шуда, бо ихтисосҳои барномасози компютер, дӯзанда ва дигар касбҳо онро хатм карданд. Дар ин давра дар ташкилоту муассисаҳои ноҳия 2890 ҷойи нави корӣ ташкил шуд, ки аз ин 987 ҷой ба соҳаи сохтмон, 56 ҷой ба саноат, 951 ҷой ба кишоварзӣ ва 896 ҷой ба соҳибкорӣ шомил мебошад..








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






