Таъсиси 921 ҷойи нави корӣ дар як сол

Декабрь 25, 2013 11:40

Душанбе, 25 декабр. (АМИТ «Ховар», Ситора Раҷабова).- Дар давоми 11 моҳи соли равон 26 коргоҳу корхона бо таъсиси 921 ҷойи нави корӣ мавриди истифода қарор гирифт.Тавре ки дар ин бора аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон хабар доданд, корхонаҳои коркарди қуму шағал дар ноҳияҳои Шӯрообод, Фархор, Ваҳдат ва Рӯдакӣ, корхонаи истеҳсоли хишт дар ноҳияҳои Спитамен, Ҷилликул, Мастчоҳ, корхонаи семент дар ноҳияҳои Ёвону Ваҳдат ба фаъолият оғоз намуданд.Ҳоло дар ҷумҳурӣ 204 корхона ба истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ машғул буда, шумораи умумии ҷойҳои корӣ дар соҳа 6621 нафарро тащкил дода, аз ин миқдор 823- тоашро ҷойҳои кории барқароршуда ва 921-тоашро ҷойҳои нави корӣ ташкил медиҳанд.

Декабрь 25, 2013 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш